Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии президент дар ин барқия аз ҷумла омадааст:
«Мӯҳтарам, Нурсултон Абишевич! Барои ман мояи сарфарозист, ки табрику таҳнияти самимии хешро ба муносибати фаро расидани Рӯзи Истиқлолият ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Қазоқистон ирсол намоям». Дар идомаи нома Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки мо муносибатҳои дӯстонаи анъанавии миёни мамлакатҳоямон ва халқҳоямонро қадр карда, барои таҳкиму густариши онҳо тамоми имконотро истифода хоҳем кард.
-Ин санаи муҳим ба ман имкон дод, ки ба Шумо, муҳтарам Нурсултон Абишевич тани сиҳат, хушбахтӣ, бурдбориҳо ва ба мардуми Қазоқистон – сулҳу субот таманно намоям,-омадааст дар хотимаи номаи Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдрас менамоем, 16-уми декабр ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти Қазоқистон дар он кишвар шинохта шуда, онро бошукӯҳ ҷашн мегиранд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |