Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти кишвар, зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркия Абдулло Гул, Сарвазири он Реҷеп Тайип Эрдоган, раиси парлумони Туркия Ҷемил Чичек ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқотҳо анҷом дода, масоили ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни муносиботҳои Тоҷикистону Туркия ба имзо хоҳанд расид.
Ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, иштирок дар маросими Шаби Арӯс, ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад ва боздид аз Донишгоҳи ба номи Мавлоно дар назар аст.
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |