Матлабе дар ин бора таҳти унвони «Мо сазовори турбаи Шумо нестем, мўҳтарам ҳукуматдорони кишвар!» дар нашрияи Озодагон ба нашр расидааст. Муаллиф дар идомаи мавод менависад: «Бояд ҷопониҳо ё хитоиҳоро ба ҳамкорӣ даъват кунем, то як дастгоҳе бисозанд, ки оксигенро контрол кард ва ... фурўхт. Шарт нест, ки ин корро ширкати IRS бикунад, ширкати "IRS- Воздух" сохтан даркор ва муҳим нест, ки дар кадом ҷазира сабт мешавад. Ду фоида дорад, якум ин ки пул ба даст меояд ва дуюм ва муҳимтар аз ин фоидаи сиёсӣ дорад. Аниқтараш, намакношиносҳо, ки то имрўз ҳаворо бепул нафас мекашиданд, барояшон дарс мешавад, ки хомўш бошанд. Ҳаво бепул, ки шуд, мардум аз худ меравад. Чӣ бояд кард? Дастгоҳро тавре созанд, ки ягон зарра ҳаво бе контрол вориди кишвар нашавад. Се турбаи ҳавокашӣ мондан даркор. Яке ҳавои тозаро аз кўҳсор бикашад ва онро танҳо дар хонаҳо ва идораҳои худатон ҳукуматдорон васл кунед. Чун даҳону бинии шумо аз дигарон фарқ дорад ва бояд танҳо ҳавои пок нафас бикашед. Дуввум, турба ҳавои маъмулиро биёрад барои мардуми бетараф ва ё тарафдорони мисли мо. Ҳатто мо ҳам сазовори он нестем, ки дар турбаи шумо васл шавем, чун хидмати хуб накардаем»…
Матни комили маводро аз ин нишонӣ пайдо карда метавонед: https://www.ozodagon.com/s/item/16847
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |