Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Сарбанд Худойбердӣ Ҷерови 44 сола, сокини деҳаи Боҳтурободро бо гумони авбошӣ дастгир кардаанд.
Тавре аз ВКД ба Озодагон хабар доданд, ки Худойбердӣ Ҷеров рӯзи 12-уми декабр дар ҳолати мастӣ ба корхонаи «Тоҷик Азот»-и шаҳри Сарбанд омада, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаааст.
«Номбурда ҳамчунин нисбати шахсони масъул дашномҳои қабеҳ гуфта, мизу курсӣ, гулдон ва шишаҳои пешайвони корхонаро зада шикастааст, ки бо ин кирдораш ба корхона ба маблағи 6159 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст»,-афзуд манбаъ.
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр