Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки тайи ду рӯз мувофиқакунии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе дар кумитаи мазкур баргузор гардид. Тибқи иттилои манбаъ, зимни мувофиқакунии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе ҳамааш аз мувофиқа гузаштанд ва танҳо як нафари онҳо бино бар сабаби бемор буданаш имкони дар мувофиқа ҳозир шуданро надошт: «Имрӯз ва фардо бошад имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Роғун ва ноҳияи Рӯдакӣ аз мувофиқа хоҳанд гузашт. Бояд зикр намуд, ки чорабинии номбурда аз мӯҳтавои талаботи банди 6-и моддаи 11-и Қонуни Тоҷикистон дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бар меояд, ки дар он чунин омадааст:
«Имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд».
Гуфта мешавад, комиссияи санҷишӣ аз ҳисоби уламои Маркази исломӣ, кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин таъсис ёфтааст.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |