Парвонаи Фирӯз, хоҳари Икандари Фирӯз дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, ба онҳо Исмоил Давлатов, қозии ин қазия дар додгоҳи ноҳияи Сино дар мавриди баргузор нашудани муҳокимаи додгоҳӣ чизе нагуфтааст. Ба қавли ӯ: «Дар ҳоле, ки қаблан модарам тамос гирифта буданд ва худи хамин додрас зимни сӯҳбати телефонӣ даъват карда буданд, ки рӯзи чоршанбе ҳозир шавед, ки мурофиаи додгоҳӣ баргузор мешавад.Мо имрӯз омодагӣ дидем, вале вакили мудофеъи бародарам занг зада гуфт, ки ман ҳозир дар додгоҳ ҳастаму худи раисикунандаи ин қазия нест ва котибаи ӯ гуфтааст, ки судя ба кадом як семинар рафтааст».
Ҳамзамон, Наталя Набиевна, яке аз вакилони мудофеъи Искандари Фирӯз низ ин далелро таъид карда афзуд: «Ҳоло ба мо ҳам маълум нест, ки мурофиа кай оғоз мешавад».
Ёдрас менамоем, Искандари Фирӯз, хабарнигори Бӣ-бӣ-Сӣ дар пайи садамаи нақлиётӣ шаби 9-уми октябри соли равон дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шуда буд.Пас аз чанд муддат барои муолиҷа ва идомаи табобат журналистро ба касалхонаи Ибни Сино интиқол доданд ва ӯ то ин замон дар он ҷо бистарист.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |