Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии кишвар боз як гурӯх афсаронро ба ҳайати худ пазируфт.
Тавре Фаридун Маҳмадалиев ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, донишкадаи низомии Вазороти мудофиаи Тоҷикистон чорумин хатмкунандагони факултаи авиатсионии хешро ба кори мустақилона ба сафҳои қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Тоҷикистон гусел намуд. Гуфта мешавад, ахиран як гурӯҳ афсарони ҷавони донишкада соҳиби диплом гардиданд. Дар маросими эътои номаи хатм фармондеҳи қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ оид ба мудофиаи зидди ҳавоии Тоҷикистон, масъулини вазорати мудофиаи кишвар, афсарону устодон ва дигар ашхоси расмӣ ширкат доштанд. Маҳмадалиев афзуд, факултаи авиатсионӣ ё худ ҳавонавардӣ соли 2004-ум таъсис ёфта, нахустин хатмкунандагони хешро соли 2008-ум ба сафҳои артиши Тоҷикистон равон намуда буд, ки феълан дар хидмати ватан қарор доранд. Мӯҳлати таҳсил дар ин факулта 4 сол буда, донишҷӯён аз рӯи шаш ихтисос касб меомӯзанд.
{jathumbnail off}
Мӯҳр