Шокирҷон Гадоев, директори Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста зимни як ҳамоише, ки дар Душанбе баргузор гардид, пешниҳод намуд, ки дар мактабҳои Тоҷикистон олимпиадаи шакли тести электронӣ ҷорӣ карда шавад.
Аз Вазорати маориф ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Шокирҷон Гадоев илова намудааст, ки дар ин шакли олимпиада хонандагони кишвар, инчунин ҳамватанони мо, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ва зиндагонӣ мекунанд метавонанд ширкат варзанд.
Гуфта мешавад, дар чунин шакли озмун саволҳо аз ҳар як фанни таълимӣ ба таври махфӣ омада, аз тарафи як нафар мутахассиси техникӣ ба системаи онлайни шабакаи Интернет ворид карда мешаванд. Ҳар як савол 4 вариантӣ ҷавоб доранд, ки дар байни онҳо якеаш дуруст аст, ки довталаб онро бояд бо аломати махсус қайд намояд.
Манбаъ мегӯяд, зимни ин нишаст дар бораи шаклҳои гуногуни олимпиада, ҳадаф ва судмандиҳои он ба ҳозирин иттилоъ доданд ва қайд кардаанд, ки айни ҳол дар аксари кишварҳо шакли фосилавии олимпиада аз фанҳои таълимӣ маъмул гардида истодааст: «Компютер вариантҳои дуруст ва нодурустро худкорона ба қайд гирифта, ҳамзамон миқдори холҳои бадастовардаи довталабро дар монитор инъикос мегардонад. Умуман, зербарномаи тестии электронӣ имконият медиҳад, ки бе дахолати инсон ба дониши аслии хонанда баҳогузорӣ карда шавад».
Мӯҳр