Дар Тоҷикистон аз ҷониби судҳои иқтисодӣ 1200 парванда вобаста ба баҳсҳои замин баррасӣ шудааст. Ин нуктаро Наим Мансуров, раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон зимни семинаре, ки дар деҳаи Хоҷа обигарми ноҳияи Варзоб таҳти унвони «Таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба баҳсҳои замин дар судҳои иқтисодӣ» баргузор шуд, иброз дошт.
Аз миқдори умумии парвандаҳои вобаста ба баҳсҳои замин баррасишуда 944 адади онро парвандаҳо оиди беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва боқимонда 256 адади дигар дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодабарии замин, беэътибор донистани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, ҳифз намудани ҳуқуқи истифодабарии замин, бартараф намудани монеа оиди истифодабарии замин ва ғайраҳо мебошанд.
Дар ҷараёни ин семинар ҳамчунин масоили таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, баррасии парвандаҳо оид ба баҳсҳои замин дар судҳои иқтисодӣ, поймол гаштани ҳуқуқи хоҷагидорон ва ё ғайримақсаднок истифода бурдани замин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар семинари мазкур ҳуқуқшиносон, устодони соҳаи ҳуқуқ иштирок намуда, роҳҳои ҳал намудани мушкилоти ҷойдоштаро зимни баррасии парвандаҳо матраҳ намуданд.
Мӯҳр