Бахшҳо
18 июн 2011 05:58Гузориш

Беэътимодӣ аз Ӯзбакистон моро маҷбур кард

Ин иқдом ба сабаби беэътимодии транзити молу коло тариқи қаламрави Ӯзбакистон аз сар гирифта шудааст. Сайид Аскарӣ мегӯяд, соли гузашта бо иллати банд шудани таҷҳизоти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар марзҳои ин кишвар мӯҳлати эҳдоси сохтмон анқариб ба шаш моҳ ба таъхир афтод.


Рӯзи 17-уми июн тайёраи боркаши тамғаи «Ан-124-100»  ба Душанбе трансформатори «НБО-и Сангтӯда-2»-ро овард. Масъули ширкати эронии «Сангоб» Сайид Аскарӣ ба «Озодагон», гуфт, ин таҷҳизот, ки шаби гузашта ба Тоҷикистон расид, тариқи ҳавопаймои «Руслан» нақли макон карда, вазни умумии ин трансформатор 120 тоннаро ташкил медиҳад. Мавсуф афзуд,     тамоми таҷҳизоти марбут ба эҳдоси «Сангӯда-2» тавассути ҳавопаймоҳои бузурги боркаши низомӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд ва албатта бо тайёра    овардани таҷҳизот ба Душанбе гарону пурарзиш аст, вале ин тасмим барои тезонидани корҳо мусоидат хоҳад кард. Гуфтанист,
трансформатори дуюми нерӯгоҳ низ аввали  ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Бигузор хисорот бинем, аммо «Сангтӯда»-ро месозем

Мутобиқ бо қарордоди дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ширкати эронии «Сангоб» аз масъулини иҷрои тарҳи бунёди НБО «Сангтӯда» маҳсуб ёфта, хазинаи умумии  ин сохтмон баробар ба 220 миллион доллар аст. Аз ин миқдор, 180 миллион доллари он аз сӯи Эрон ва 40 миллионаш аз сӯи Тоҷикистон пардохта мешавад. Аммо дар қарордоди қаблӣ тавассути ҳавопаймо расонидани таҷҳизоти марбут ба ин иншоот вуҷуд надошт, аз ин рӯ ҳадс зада мешавад, ки хазинаи сохтмон шояд бузургтар аз рақамҳои пешин шавад. Зимнан, дар созишномаи қаблӣ гуфта мешуд, ки кулли таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ аз тариқи роҳи оҳан тавассути Ӯзбакистон ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Коршиносон мегӯянд, интиқоли молу коло аз тариқи роҳи ҳавоӣ нисбат ба роҳи заминӣ ҳафт баробар гаронтар аст. Дар ин замина, масъули ширкати «Сангоб» Сайид Аскарӣ  гуфт, «Табиист, вақте ки мо ин таҷҳизотро аз тариқи ҷода ё роҳи оҳан меорем, нисбат ба роҳи ҳавоӣ бамаротиб арзонтар аст. Се ҷониби сармоягузор дар сохтмони ин нерӯгоҳ, бонки тавсеа ва содироти Эрон, давлати Тоҷикистон ва ширкати "Сангоб", ки сармоягузори ин нерӯгоҳ низ ба ҳисоб меравад, ин масъаларо баррасӣ   карда ба хулосае расиданд, ки  интиқоли агрегату трансформаторҳо тавассути тайёра сурат бигирад, ҳарчанд хароҷоташ зиёд бошад ҳам».
Мутахассисони соҳа низ бар ин назаранд, ки ин навъи ҳамлу нақл бар зарар аст, аммо аз ноилоҷӣ ба он рӯ овардаем. Зеро ҳамсояи мо (манзур Ӯзбакистон аст) намегузорад, ки таҷҳизот бо роҳи арзон ба Тоҷикистон ворид шавад ва дар транзит мушкил эҷод кардааст .Ҷаноби Аскарӣ мегӯяд, ин иқдом ба дунболи беэътимодии транзити колоҳо аз тариқи Ӯзбакистон сурат мегирад.Соли гузашта ба далели банд мондани қаторҳои ҳомили масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот барои сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар исттгоҳҳои марзии Узбакистон мӯҳлати сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"  шаш моҳ ба ақиб афтода буд. Сайид Аскарӣ ҳанӯз дар охири моҳи майи соли равон гуфта буд, таҷҳизоту дастгоҳҳои марбут ба НБО-и Сангтӯда-2 на аз тариқи Ӯзбакистон, балки бо дигар роҳ вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд ва молу колои  ин нерӯгоҳ тавассути қаламрави Афғонистон ва Чин ба Тоҷикистон расонида мешаванд.

Аз рӯди Вахш то дарёи Зарафшон

Бойиси тазаккур аст, ки феълан дар эҳдоси нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»  850 нафар мутахассисону сохтмончиён дар ду баст фаъолият менамоянд. Аз ин миқдор 500 нафарашон  мутахассисону сохтмончиёни маҳаллӣ  мебошанд. НБО-и мазкур дар 100 километрии қисмати ҷануби Душанбе бунёд гардида, дар як сол бо иқтидори 1 миллиард киловатт  соат нерӯи барқ истеҳсол менамояд. НБО «Сангтӯда-2» аз силсиланерӯгоҳоест, ки дар дарёи Вахш бунёд гардида,  сохтмонаш моҳи феврали соли 2006 оғоз гардида буд ва чархаи нахустини он дар моҳи сентябри соли равон ба истеҳсоли қувваи барқ шурӯъ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, Эрон тасмим гирифтааст, ки пас аз бунёди «Сангтӯда-2» ба сохтмони истгоҳи тавлиди барқи мавсум ба «Айнӣ» дар рӯдхонаи Зарафшон оғоз кунад.
Хилватшоҳи Маҳмуд


{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)