Имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат, дар нишасти мазкур чандлоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мавриди муҳокимаи аъзои шӯро қарор гирифт. Дар он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ баромад намуда, мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур ба Шӯрои Маҷлиси намояндагонро ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда, мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар кишвари мо истиқомат дошта, дар ақди никоҳ мебошанд ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин нисбат ба шахсоне, ки бо пешбурди хоҷагии умумӣ якҷоя зиндагӣ мекунанд, татбиқ мегардад.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
Мӯҳр