Имрӯз, 10-уми декабр дафтари Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «ИМКОНИЯТ» нишасти матбуотӣ оид ба вазъ ва проблемаҳои шахсони имконияташон маҳдуд баргузор мегардад.
Тавре Абдулҳақ Асоев, як масъули ташкилоти мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, нишаст аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятии шахсони дорои имконияташон маҳдуд (Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии нобиноён, Иттиҳодияи миллии карҳои ҷумҳурӣ, Ташкилоти ҷамъиятии «ТАҚДИР», ки шахсони осебдида аз муҳимоти таркандаро дар бар мегирад, Ассосиасияи волидайни кӯдакони маъюб, Созмони занони маъюб «Иштирок», Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «ИМКОНИЯТ») барпо хоҳад шуд.
Телефонҳо барои маълумоти бештар: 221-15-74, 221-94-86, 93-488-83-91
Мӯҳр