Президенти Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат оид ба масъалаи пайвастшавии кишвар ба ин ниҳод ба Швейтсария рафт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро райиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, сарвазир Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Манбаъ афзуд, дар ин сафар президентро муовини аввали нахуствазири кишвар Матлубхон Давлатов, мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон Амир Катаев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Мӯҳр