Арзиши хӯрокворӣ, аз ҷумла анор тайи ҳафтаи равон дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт дар қиёс ба бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа қариб як баробар зиёд ба фурӯш гузошта шудааст.
Аз ширкати «АгроИнформ» ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ба ҳисоби миёна нархи як кило анор дар бозори «Шоҳмансур»- 16 сомонӣ аст, ки ин нишондод дар бозори марказии Қӯрғонтеппа ба 7 сомонӣ баробар мебошад.
Тибқи таҳлилҳои ин ширкат, аз ҳама нархи гарони анор пас аз бозори «Шоҳмансур» дар бозори марказии ноҳияи Рашт мушоҳида карда шуд, ки он ҷо як кило анор бо нархи 13 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст: «Дар бозори марказии шаҳри Хоруғ 10 сомонӣ, бозори марказии шаҳри Кӯлоб 12 сомонӣ ва бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд як кило анор 12 сомонӣ арзиш дорад».
Манбаъ мегӯяд, анори аз ҳама арзон дар бозори марказии шаҳри Исфара ба фурӯш гузошта шудааст, ки арзиши он ба 6 сомонӣ баробар мебошад.
Мӯҳр