Бонки Рушди Осиё (БРО) тасмим гирифтааст, ки дар ду соли оянда ба Тоҷикистон 134 миллион доллар кӯмаки бебозгашт ироа намояд.
Ба қавли масъулони намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон, мизони бештари ин сармоя барои иҷрои ду барномаи асосӣ дар бахши энергетика ва ҳамлу нақли мусофирон масраф мешавад. Сӣ Сӣ Ю, як корманди тозаинтихоби ин бонк дар Душанбе мегӯяд, ҳудуди 70 дар сади кӯмакҳои бонк ба бахши энержии Тоҷикистон ихтисос хоҳанд ёфт:
«Аз соли 2008 ба ин сӯ БРО бо таваҷҷуҳ ба афзоиши бидеҳиҳои Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ тасмим гирифтааст, ки ба ин кишвар танҳо кӯмакҳои билоиваз ироа бидиҳад».
Маврид ба ёдоварист, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 800 миллион доллари амрикоӣ аз кишвару созмонҳои мухталифи байналмилалӣ қарздор аст. Аз ин миқдор 300 миллионаш ба қарзи БРО рост меояд.
Мӯҳр