Эҳтимол аст боз як ширкати хориҷӣ бо номи «Khoday Group of Industries» дар бахшҳои гуногуни Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд.
Эҳтимолияти сармоягузорӣ намудани ширкати «Khoday Group of Industries»-и Ҳиндустон ба соҳаҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла дар самти энергетика, саноати вазнин, саноати кўҳӣ ва фармасевтика зимни мулоқоти Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо Шрихари Ходай, роҳбарияти ширкати мазкур баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов дар ин вохӯрӣ таъкид кардааст, ки айни замон дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ мавҷуд мебошад, ки бо дарназрдошти қонунгузории муосири танзимкунандаи соҳаи сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин сабукиҳову имтиёзҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда шароити муфидро барои бахши хусусӣ ва сармоягузорон муҳайё сохтааст.
Номбурда оид ба соҳаҳои эҳтимолии афзалиятнок барои сармоягузорӣ кардан аз қабили гидроэнергетика, саноати кўҳӣ, кишоварзӣ ва туризмро бо дарназардошти имконоти соҳаҳои мазкур муаррифӣ кард.
Манбаъ мегӯяд, сармоягузорони ҳиндӣ зикр доштанд, ки роҳбарият ва намояндагони ширкат тули 10 соли охир ба Тоҷикистон сафар карда, корҳои таҳлиливу кофтуковии бозорҳои мухталифи соҳавии мамлакатро анҷом додаанд: «Дар ин мулоқот қайд шуд, ки ба ҳолати ҳозир оид ба сохтмони 2 адад нерӯгоҳи оби дар Тоҷикистон ташаббус зоҳир шуд».
Гуфта мешавад, зимни ин ҳамоиш сармоягузорони хориҷӣ ташаббус ва нақшаҳои минбаъда ҷиҳати дар Тоҷикистон аз ангиштсанг истеҳсол намудани сўзишвории моеъ, истеҳсоли алюминии аввала ва минбаъд масолеҳи алюминӣ, ба роҳ мондани фаъолияти металлургӣ дар заминаи маъданҳои оҳан ва кумури коксиро, ки сифати хуби он дар Тоҷикистон мавҷуд аст, матраҳ намудаанд.
Мӯҳр