Дар 10 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми беш аз 248 миллиону 400 ҳазор доллари ИМА маҳсулоти маъданӣ содир кардааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи зиёда аз 120 миллиарду 253,2 миллион доллар маҳсулоти маъданӣ содир шуда буд.
Мутобиқи маълумоти Агентии омор дар моҳҳои январ-октиябри соли равон дар Тоҷикистон ҳамагӣ бо маблағи беш аз 999 миллион ё худ 126,1 фоиз маҳсулоти маъданӣ истихроҷ шудааст.
Мӯҳр