Бахшҳо
06 дек 2012 05:45Адабиёт

Моҷарои ҳайкали қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ

(бо фурӯшу ғорати идораҳои колхоз ҳайкали Раис дарди сар ва нодаркор шуда монд)

Баъд… кор ҷушу хурӯши тоза ва шитобгунаи тасаввурнопазирро ба худ гирифт. Аз субҳи дигар ҳар як хонадон "норма" баста шуд, дар 13 деҳаи колхоз. Мактабиён низ нақшаву ӯҳдадориҳои ҷадид гирифтанд. Аз корхонаву фабрикаву заводҳои пойтахт тамоми коргарон, ходимон ва роҳбарон ба саҳроҳои колхози Раис Дамдоров сафарбар гардиданд. Ниҳоят, нақшаи пахтасупорӣ дар 3 рӯзи муқарраргардидаву неву 5 рӯз иҷро карда шуд. Кулли ҳосили пахтаи заминҳои аз ҳисоб берун низ ба иҷрои нақша ворид гардиданд.

Рӯзи тантанаву ғалаба фаро расид. Дар 13 бригада радиоузелҳо бе танаффус аз пирӯзии пахтакорони хоҷагӣ мужда расонда, матни табрикотии Раис Дамдоровро такрор-такрор, гаштаву баргашта ба самъи колхозчиён мерасонданд. Радиои ҷумҳурӣ бошад, мусоҳибаи фавриро бо котиби райком, Раис Дамдоров ва бригадири пешқадам Зулайхо-бону пахш карда, бо тафохур эълом медошт, ки хоҷагии мазкур алҳол аз ҳар як гектар 65-сентнерӣ ҳосил ба даст овардаасту то охири мавсим ният дорад ин рақамро ба 70 расонад. Шомгоҳон телевизор намоиши идонаро бахшида ба ғалабаи пахтакорони ҷамоати деҳоти Ранҷбар пахш намуд. Дар маркази сабти наворҳо Раис Дамдоров меистод, албатта! Фишурдаи сухан ин ки тамоми роҳбарияти Партия ва Ҳукумати кишвар дар ҳар як баромад, суханронӣ ва маърӯзаи худ аввалқадам аз хоҷагии "Ранҷбар" ва иродату корнамоии Раис Дамдоров ёдовар мешуданд. Пас-он, Раис ба Маскав, ба Кремл даъват шуд. Аз дасти худи котиби генералии партия Ордени Ленинро, ки барои хизматҳояш ба вай мушарраф дониста буданд, гирифт. Дар охири мавсим бошад, ғулғулаи дигаре ҷумҳуриву ноҳияи Ленин ва хоҷагии "Ранҷбар"-ро фаро гирифт. Ба Раис Раҳматалӣ Дамдоров унвони "Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ" дода мешудааст. Ва дар воқеъ, дафъатан ба Маскав даъват карданд Раис Раҳматалӣ Дамдоровро ва ин дафъа нишони "Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ"-ро ба ӯ бинобар бемор будани Котиби генералии Партия, Раиси Совети Вазирон Тихонов дар вазъияти тантанавӣ супорид. Ҳамчунин, чун намунаи қадрдонӣ машинаи "Чайка", ки доҳиён дар он савор шуда, то Се Ка меомаданд ва он айём маъруфият дошт, аз они худи Котиби генералиро ба ӯ "табаррукӣ" гуфта, тӯҳфа карданд. Дар Тоҷикистон бошад, аввалан ба Дамдоров як "Волга"-и наву оҳории осмониранг ҳадя гардид. Пас-он, аз маркази ноҳия ба ӯ як саробӯстон барои истироҳату фароғат тақдим карда шуд. Аз қаламрави колхоз 30 сотих замин барои манзили зист тақсим ва ҷудо гардид ба ҷаноби Раис.

Раис ин шукӯҳу шаҳомат ва нуфузу обрӯи худро мушоҳида карда, моҳе баъд трактору экскватор оварда, бинои масҷиди фатаротгаштаву рӯ ба вайронӣ овардаро чаппа ва зеру забар карда, саҳни онро ба ҳавлияш, ки дар шафати он масҷид воқеъ гардида буд, ҳамроҳ намуд.

- Раис аз худ рафтааст;
- Ҳавоӣ шудааст, валлоҳ;
- Худову расулро ба масхара кашида истодааст;
- Магар оянда мурдаашро дар ҳавлиаш ҷаноза мекарда бошанд?
- Оқибати кораш чӣ мешуда бошад?

Аз даҳони мардуми ҳайратзада гапу суханҳои гуногун мебаромад. Ва баъди чанде сокинони деҳ дар поёнтари мазористон ду хонача рост карданд, гирдашро тавора бардоштаву масҷид шуд он макон. Вале ҳоло достони мо сари масҷиду мардуми деҳ намебошад. Биравем аз пайи Раис Раҳматалӣ Дамдорову шаъну шавкати беохири ӯ. Дамдоров ду писару ду духтар дошт. Ва писарбузаргашро мехост барои минбаъд дар ҷои худ- Раис бубинад. Ва хонондаш дар Донишкадаи кишоварзӣ ва писараш хатм кард мактаби Калонро бо ихтисоси агроном-энтомолог. Ва дар колхоз дар вазифаи сарагроном ба кор шурӯъ кард.

Чун Раис ду соли дигар ба ҳуққабозиҳои ҳизби Коммунисту давлати Шӯравӣ нақшаву ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтаашро дар боби пахтасупорӣ иҷро намуд, номаш вирди забонҳо буд, вирди забонҳо монд.

Ва дар як рӯзи офтобии айёми зимистон, ки аз яхшӯшаҳо оҳиста-оҳиста об мечакид, котиби райком ҳамроҳи як нафар уруси кепкабасар ба идораи колхоз омад. Ҳини сӯҳбат бо Раис Дамдоров маълум гардид, ки ин уруси кепкабасари солманд ҳайкалтароше буда.

- Гап ҳамин, Раис,- хандида гуфт котиби райком. Ин ҳайкалтароши маъруфи масквагӣ Виктор Свиридов мебошад. Бо фармони Секаи Маскав бояд ҳайкали Шумо дар назди идораи колхоз гузошта шавад. Ҳайкалатонро ҳамин рассоми номдор, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Ленин аз сангҳои гаронбаҳои мармар ва зумуррад тарошида, тайёр мекунад.
Раис Дамдоров шакарханде дар лаб сару даст афшонд:

- Э, боварам намеояд. Не, не… Хайр, нависандаи тоҷики худамон романи сегона навишт дар боби қаҳрамониҳои ману аъзоёни хоҷагиям. Лекин як уруси номдор аз худи Москва омада ҳайкали маро метарошида бошад… не, боварам намеояд.

- Боварат ояд ё наояд, инаш кори Шумо,-ғурунгид раис. Лекин барои мо ин фармон аз "болост", бояд иҷро карда шавад. Як сурати чаҳор кас медидагиатонро ба меҳмон бароварда диҳед, ки вай дар шаҳр аз пайи тарошидани ҳайкалатон миёнро аз ҳафт ҷояш баста, омода шавад…

Ва… дар муддати расо як сол ҳайкали Раис Дамдоров тайёр шуд. Дар мошини болопӯшидае онро аз шаҳри Калон оварданд, дар назди идораи колхоз расо 1 ҳафтаи дигар росташ намуданд. Вале… рӯзе, ки боясти маросими ботантанаи кушодашавии муҷассамаи Раис Дамдоров баргузор мегардид, нигоҳонӣ Раис бемор шуд. Чашмонаш худ аз худ пӯшида гаштанд. Котиби райком ба сари болинаш омад. Дамдоров магар ташрифи ӯро интизорӣ мекашид, ки ба зӯр лаб ҷунбонида:

- Омадӣ, Раис?- пурсид ва имдодҷӯёна илтиҷо кард:
- Ман мемирам. Ҳаматона пиҳил кардам. Лекин… лекин як васият дорам, раис.
- Чӣ буд, ака?- назари суол дӯхт ба Дамдоров котиби райком.
- Ман мемираму дар ҷоям, ба вазифаи раисӣ писарамро монед. Илтимос, раис…
- Э, монеде, - хаёле хандида гуфт котиби райком, - Ҳоло ҳайкалатонро бо тантана мекушоем, шумо гирди он давр мезанед, роҳат мекунед, давлати пирӣ меронед. Ҳа-а…

Ва аммо Раис Раҳматалӣ Дамдоров шӯхию ҳазл намекардааст. Сараш саҳл аз болин ғеҷида, "оҳ, Худоё, ҳамаи гуноҳамро бибахш" гуфту абадӣ чашм пӯшид…

… Рӯзҳо гузаштанд. Васияти Раҳматалӣ Дамдорови раҳматӣ иҷро нашуда монд. Воқеаву ҳаводиси нигаҳониву фалокатборе ба зуҳур омаданд. Митингу майдоншиниҳо, гурӯҳбозию қавмгароӣ ба ҷамоати деҳоти "Ранҷбар" низ таъсири худро расонд. Котиби райком иваз шуд. Раиси нав дар колхоз писари Дамдоров не, балки собиқ сарвари "Тоҷикматлубот", ки ба хотири ба яғмо бурдани маблағҳои давлат паси панҷара нишаста буд, бо чӣ роҳу воситае алҳол озод шудаву раиси хоҷагии "Ранҷбар" таъин гардид. Пас аз ҷангҳои дохилӣ раиси нав ба ғорати молу амволи колхоз шурӯъ намуд. Клуб, Хонаи маданият, беморхонаву шипангҳо ва китобхонаи колхозро ба савдо зад.

Ва билохира, натарсидаву наҳаросида иморати бодабдабаи колхозро худаш соҳиб гардид. Мардуми содда аввал ба ҳайрат омаданд, арбада бардоштанд. Вале дар кишвар касе бо доди онҳо нарасид. Ун мардум пай бурданд, ки замон замони пурсишу ҳақиқат не, замони дуздиву ғоратгарӣ будааст. Ва… ба ҳамаи ин бенизомию бесоҳибӣ ва ғорату талаву тороҷи роҳбарон одат карданд.

Аммо Раиси нав хост то давру бари саҳни идораҳои колхозро девори хиштӣ бардорад. Як қисмашро, саҳеҳтараш ҷониби офтобшинро девор бардошт бо семблок. Хост то дигар тарафҳоро девор бардорад, ки яке ба чашмаш ҳайкали бовиқоронаи Раис Раҳматалӣ Дамдорови раҳматӣ афтид.

"Чӣ бояд кард?- андешид раиси нав. Ин ҳайкалро аз ҳавлӣ баровардан лозим. Чӣ ман дигар онро ба сарам мезанам?" Чанд дафъа ба хонаи писарбузурги раҳмати Раҳматалӣ Дамдоров одам монд раиси нав, ки биёяду масъалаи ҳайкали падарашро баррасӣ ва ҳаллу фасл намоянд. Аммо писарбузурги Дамдоров аслан парвои ҳайкал ҳам надошт, дар мактаби Олии ҳизбии Тошканд хонда омада буду талошу тараддуди соҳиб гардидан ба мансабро дар Ҳукумати ҷадиди конститутсионӣ дар дил мепарварид.

Ниҳоят, раиси нав азм кард то крану мошин оварда, ҳайкалро аз назди идораи колхоз, ки кунун қасри шахсии ӯ ба ҳисоб мерафт, бароварда ба ягон ҷойи нодаркор бурда партояд. Шабе баҳри баҳоратшиканӣ берун баромад раис ва ҳайкали сиёҳ ба назараш ваҳмангез тобид. Ҳадаҳаву шитобон даст ба хок карда, ба қасраш даромаданӣ буд, ки овози ҳайкалро шунид.

- Бачаи Вафои дузд, гапи мана гӯш кун! Ҳайкали маро аз хонаат барорӣ ҳам, ҳушёр шав. Мебарӣ дар фермаи колхоз, дар назди кабинети мудир мегузорӣ. Қаравули ферма Остонаи гӯшбуридаро медонӣ-а? Ҳар моҳ ба вай 100 сомонӣ моҳона таъин мекунӣ, то ки ҳайкали маро нигоҳубин кунад, фаҳмидӣ?

Раиси нав даҳонаш воз, забонаш гӯӣ ях баста бошад, ларзидаву такон хӯрда, "а-а-а…" гӯён садои хафифе бароварда, дубора эзорашро тар карда, даба-дабба қадам монда, ба хонааш ворид гардид...

Чиҳил рӯз раиси навро бо навбат ояти Ёсин хонданд, то ба худ ояд. Ва субҳи рӯзи 41-ум аранге ба ҳуш омад раиси нав ва писарашро амр кард, ки то крану трактор оварда ҳайкалро аз ҳавлӣ бароварда, ба фермаи колхоз бурда, ҷо кунад. Ба қаровул фаҳмонад, ки ҳайкалро нигоҳубин кунад.

Писари Раиси нав ҳамчунон кард. Тақрибан се моҳ ҳайкали Дамдоров дар фермаи колхоз, дар назди кабинети мудир барҷо истод.

Боз ҳам шабе аз шабҳои баҳорон посбони ферма Остонаи гӯшбурида масту мадҳуш аз қаровулхонааш берун баромада, ба паси ҳайкал гузашта, ростакӣ шоша карданӣ шуд. Дар ҳамин вазъ ҳайкал ба ногаҳон ҷунбид, шараққос зад, як пояшро бардошта ба думбаи Остонаи гӯшбурида як лагади сахте фаровард. Остона ба фук рӯи замин афтида, дароз кашид.

-Лаънатӣ,- овози гирою омиронае баровард Раҳматалӣ Дамдоров. Мемурӣ, ки тавба кунӣ, сару танатро шуста, таҳорат бикуниву панҷ вақт намозатро бихонӣ. О, Худозада, ту чӣ медонӣ, ки ман дар он дунё барои гуноҳоям, ки аслан бенамоз буданам аст, чӣ азобҳои дузахро таҳаммул мекунам. Эҳ, шариатзадаҳо…

Ин хабари ваҳшатзо низ паҳн гардид дар рустову қарияҷоти қаламрави ҷамоати "Ранҷбар". Остона 70 шабу 70 рӯз бистарӣ гардид. Вақте ҳушёр шуду ақлаш дар ҷояш қарор гирифт, аз раиси нав хоҳиш кард, ки ҳайкали Дамдоровро аз саҳни ферма ҳарчи зудтар берун андозанд.

- То ҳайкалро аз саҳни ферма набароред,-шарт гузошт Остона,-ман ба кор намебароям.
Ва раиси нав сахт ба ташвиш афтида, худ ба хонаи писарбузурги раҳматии Раҳматалӣ Дамдоров қадам ранҷа кард. Хайрият дар хонааш дарёфт писари собиқ Раисро.
- Ман ба як масъала назди шумо омадаам.
- Гӯш мекунам…
- Агар шумо нангу номуси фарзандӣ дошта бошед, рафта ҳайкали қиблагоҳатонро аз саҳни фермаи колхоз гирифта ба хонаатон меоред. Аз моҷарои он ҳайкал хабар доштагистед?
- Хайр?
- Ҳеҷ чӣ не. Танҳо хоҳиши мардум ҳамин, ки ҳайкали падаратонро соҳибӣ кунед.
- Ҳамааш ҳамин?
- Ҳамин, ҳамин.
- Ман ягон чора меандешам.

Он рӯз байни Раиси нав ва писарбузарги раиси собиқ ҳамин гунна гуфтугӯ ба вуқӯъ пайваст ва …

Ва писарбузурги Раҳматалдоров қарибиҳои шомгоҳ муҷассамаи қиблагоҳашро дар "Камаз"-и дигаре бор карда, ба хонааш овард. Оварду бо мадади чанд нафар ҳамсоя ва соҳиби кран онро дар як гӯшаи ҳавлӣ рост карда монд. Ва шабонгаҳ писари собиқ раис ҳис кард, ки дар саҳни ҳавлияш чӣ ҷумбуҷулу ҳаракате ба амал меояд ё омада истодааст. Парида аз ҷогаҳ бархосту берун баромад ҷома сари китф гирифта. Ҳангоме, ки аз пешҳайвон поён фуромад, дид, ки ҳайкал шақаррасу ғаҷаррас карда, гом ниҳода оҳиста-оҳиста ба пешвози ӯ меояд. Аҷабаш омад, аммо наҳаросид, тарсро аслан ба дил роҳ надод. Пештар рафт. Ҳайкал ба ӯ дурудароз нигоҳ афканд, баъд дасти сангин бар сараш ниҳод.

- Медонӣ, бачем, хитоб кард ба писар падар,- акнун дилам андак хотирҷамъ шуд. Аз ту умедам калон аст. Ту сараввал ҷонишини аввали Ҳизби Ҳоким мешавию баъд… баъд депутати Маҷлиси Олӣ. Ҳа-а, ояндаи дурахшоне дорӣ.
- Тамом?-норозиёна пурсид писар.
- Ҳа, боз ту чӣ мехостӣ?
- Ман, ман гумон кардам, ки якбора подшоҳ мешавам,-писар ғазаболуд даст афшонд:
- Э, раве, бо ҳамин фолбиният…

Ҳайкал қафо гашт, пасон ба пеш гом ниҳоду по бардошта як лагади сахту гароне ба думбаи писар фаровард. Писар парӯ афтид ва акнун бархостанӣ буд, ки лагади вазнини дигаре ба қафояш хӯрд, боз, боз…

- Подшоҳ мешудааст-а,-садо баланд кард ҳайкал. Аввал мисли ман ҷон коҳонда, заҳмат бикаш, аблаҳ!
… Субҳи дигар писарбузурги Раиси Дамдоровро ба бемористон бурданд. Моҳе табобат гирифту баъд ба хона баргашт.
…Шабонгаҳ дар деҳ аҷаб воқеае рӯй дод. Нисфишаб садои таркиши гӯшкаркунандае оламу одамро ба ларза даровард. Ҳеҷ касс намедонист, ки чӣ ҳодисае ба амал омадааст.

Танҳо сари субҳи ҷумъаи ҳафтаи саввуми моҳи ноябр дар ҳавлии писарбузурги Раиси Дамдоров резаҳои ҳайкалро дида, мардум фаҳмиданд, ки писар модаи тарканда гузошта, ҳайкалро хароб кардааст. Ана ҳамааш ҳамин. Ҳа, гуфтагӣ барин, дуои падар мустаҷоб шуда будааст. Чанде баъд писарбузурги ӯ дар интихобот ғолиб омада, вакили мардумӣ дар Маҷлиси Олӣ интихоб гардид…

Шодии СУҲАЙЛ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)