Бахшҳо

Дар Шаҳринав баҳисобгирии муҳоҷирон баррасӣ шуд

Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ ва танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ  бо раисони ҷамоат, директорони мактаб, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин бо фаъолон ва шахсони масъули ноҳияи Шаҳринав мулоқот намуданд.

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи ин хадамот ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ масоили шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо ҷамъияти муҳоҷирон ва саҳми онҳо дар рушди ноҳияҳо, депортатсия(ихроҷ), масъалаи миёнаравон ва қаллобӣ дар бозори меҳнати Русия, муҳлати тамдиди бақайдгирӣ аз 7 рӯз ба 15 рӯз, ичозати кор аз 1 сол то ба 3 сол баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, назорати фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷа дар Тоҷикистон, сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳое, ки ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ марбутанд, аз сӯи кормандони хадамот дар ноҳияи Шаҳринав мавриди муҳокима ва гуфтугӯ қарор гирифтанд.

Манбаъ мегӯяд, миёни масъулини хадамот ва бошандагони ноҳияи мазкур саволу ҷавоб дар мавриди  касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ичозати кор, тарзи гирифтани патент, депортатсия, назорати дақиқи тамоми сохторҳо ҳангоми сафари ноболиғон ба хориҷи кишвар дар фурӯдгоҳҳо, роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таъсиси шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар  Шаҳринав, кӯмак ва мусоидат намудани шаҳрвандон ҳангоми убури сарҳадоти кишварҳои ИДМ бо қатораҳо, ташхиси тиббии муҳоҷирон пеш аз сафар ва баъд аз он ва тамдиди мӯҳлати бақайдгирӣ, сурат гирифт.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)