Фурқат Ҷӯраеви 22- сола, сокини кӯчаи Роҳи Нави пойтахт дар пайи амалиёти кормандони милиса боздошт гардид.
Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, амалиётро ШКД-и ноҳияи Сино анҷом дода, номбурда ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир карда шуд: «Зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии Ҷӯраев 8 халта, ки дар дохилашон 500.000 дона маводи пиротехникӣ буд, дарёфт ва мусодира шуд».
Манбаъ афзуд, ба ҳамин ҳодиса монанд, аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Комрон Наимови 19- сола, сокини кӯчаи Борбад, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд, ки ҳангоми кофтуков аз ӯ як адад қуттӣ, ки дар дохилашон 600 дона маводи пиротехникиӣ буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан нисбати ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр