Бо фармони вазири корҳои хориҷии кишвар, Абдураҳмон Аюбов, Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб таъин шуд.
Тавре ба «Озодагон» Давлаталӣ Назриев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, қаблан Абдураҳмон Аюбов дар вазифаи намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай ва ҳамчун корманди дипломатӣ дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай фаъолият менамуд: «Пеш аз Абдураҳмон Аюбов ин вазифа ба дӯши Раҳимҷон Носиров вогузор шуда буд, ки айни замон ба ҳайси сардори шӯъбаи ташвиқоти давлатиии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият мекунад».
Маврид ба зикр аст, ки Раҳимҷон Носиров аз соли 2007 то инҷониб ҳамчун Консули генералии Тоҷикистон дар Дубай фаъолият мекард.
Мӯҳр