Шаҳрвандони Тоҷикистонро бо иттиҳоми нигаҳдорӣ ва фурӯши ғайриқонунии ин намуди тамоку дар шаҳри Бердски вилояти Новосибирск полис дастгир кардааст.
Тавре расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои Кумитаи тафтишотии ФР менависанд, ин ниҳод дар як баёнияи расмиаш эълом доштааст, ки аз манзили зисти боздоштшудагон ва аз бозор беш аз 1 тоннаву 300 килограмм нос кашфу мусодира шудаааст. Гуфтанист, дар қиболи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми фурӯши маҳсулоти зиёновар ва барои саломатии инсон хатарбор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҳамзамон, раёсати минтақавии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Русия, ки дар амалиёти боздошт нақш доштааст, арзиши моли мусодирашударо 2 миллион рубли русӣ арзёбӣ кардааст. Мақомоти интизомӣ гуфтаанд, агар ҷурми дастгиршудагон собит шавад, онҳоро 500 ҳазор рубли русӣ ҷарима ва то 6 соли зиндон интизор аст.
Мӯҳр