Имрӯз, 5-уми декабр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомад оид ба фаъолияти солонаи хазинаи Созмони миллали муттаҳид дар соҳаи нуфуси аҳолӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои вазорати мазкур дар ин нишаст сиҳатии репродуктивӣ- муваффақият, мушкилот ва дурнамо, нуфуси аҳолӣ ва рушд, баробарии гендерӣ, пешбурди барномаҳои ҷавонӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар ин ҳамоиш Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Хайриниссо Юсуфӣ, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии парлумон, Александр Зуев, намояндаи хазинаи СММ дар соҳаи нуфуси аҳолӣ дар Тоҷикистон ва дигар масъулини вазорату идораҳои марбутаи кишвар ширкат намудаанд.
.
Мӯҳр