Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта 6 садамаи нақлииётӣ ба амал омад, ки бар асари онҳо 3 нафар ба ҳалокат расиданд ва 5 нафари дигар ҷароҳатҳои вазниини ҷисмонӣ бардоштанд.
Маҳмадшариф Шамсов, аз Хадамоти матбуотии бозрасии давлатии автомобилӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Варзоб тақрибан соатҳои 13-40 автомошинаи тамғаи «Опел астра» таҳти идораи Ёрмаҳмад Юсупови 53 сола, ҳангоми ҳаракат дар километри 24-ум, роҳи мошингарди Душанбе- Хуҷанд-Чаноқ ронанда аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар дарахти канори роҳ бар мехурад, ки дар натиҷа мусофирони дохили автомашина Ҳоҷибиби Юсуповаи 54 ва Шодмони Низомиддини 20 сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Манбаъ мегӯяд, садамаи дигари марговар бо «Мерседес бенс» таҳти идораии ронанда Муҳаммад Одинаи 22 сола ҳангоми ҳаракат аз хиёбони Рӯдакӣ ба амал омадааст:
«Номбурда бе ҳуҷҷати ронандагӣ ба роҳ баромадааст, ки зимни ҳаракат нақлиёт пиёдагард Фазилат Сатороваи 56 соларо зер мекунад ва дар натиҷа пиёдагар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокамт мерасад».
Аз руи ин садамаҳои нақлиётӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр