Кормандони дидбонгоҳи гумрукии минтақаи Кӯлоб дар фурудгоҳи ин шаҳр аз интиқоли навбатии маводи мухаддир ҷилавгирӣ карданд.
Олимҷон Шарифов, масъули маркази матбуотии ин ниҳод дар вилояти Хатлон ба хабаргузории Озодагон гуфт , рӯзи якшанбеи 2-юми декабр, ҳангоми азаназаргузаронии бағочи мусофирони хатсайри рақами 703 “Кулоб-Москва” аз дохили ҷомадони сиёҳи мусофир Табаров Саъдӣ, сокини шахри Кӯлоб, кӯчаи Гагарин сумкачаи хурди сафарие пайдо гардид, ки дар дохилаш маводи зардчатоб мавҷуд буд: «Ташхиси кимиёӣ маълум кард, ки маводи пайдогардида ҳашиш буда, вазни холиси он 14 306, 6 граммро ташкил медиҳад».
-Дар ошкор кардани ҷинояти мазкур сарнозири дибонгоҳ ва нозири калони дидбонгоҳ саҳми калон доранд,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр