Суди вилоятӣ Ғайбулло Насруллоеви 48-сола, сокин ҷамоати Қалъаи Баланди ноҳияи Истаравшанро ба чунин ҷазо сазовор донист.
Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон аз толори мурофиаи парвандаи мазкур иттилоъ дод, номбурда бо воситаи табар ҳамсар ва келини ҳомиладорашро ба қатл расонидааст. «Санаи 3 июни соли ҷорӣ , тахминан соати 02.30, Ғайбулло Насруллоев дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби ба миён омадани ҷанҷоли оилавӣ бо табари хоҷагии дар дасташ буда, завҷааш Саодат Бобоҷоноваи 45-соларо ба қатл мерасонад. Сипас, Матлуба Мавлоноваи 23-соларо, ки ҳомиладор буд, низ зарба мезанад. Дар натиҷа, ҳар дуи онҳо аз захми ҷисмонии вазнини бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд».
Мӯҳр