Роҳбарияти бахши иктишофии Вазорати мудофиаи ИМА дар ҷараёни васеъ гардонидани шабакаҳои кашшофии низомӣ садҳо ҷосусро ба кишварҳои гуногун мефиристад. Дар ин бора рӯзномаи Washington Post иттилоъ додааст.
Бино ба навиштаи нашрия вазорати мазкур нақша дорад, давоми панҷ соли оянда агентҳои пинҳонӣ омода намояд. Онҳоро раёсати ҷосусии марказӣ меомӯзонанд, вале супоришу вазифаҳои Пентагонро иҷро хоҳанд кард.
Барномаи омодасозии гуруҳи махфӣ моҳи апрели соли 2012 аз ҷониби Леон Панетта, вазири мудофиа имзо шуда аст.
Айни ҳол дар идораи иктишофии Вазорати мудофиаи ИМА наздики 16,5 ҳазор хизмат мекунад, ки аз ин теъдод садҳо ҷосус ғайриқонунӣ будаанд.
Мӯҳр