Сарнишини автомашинаи тамғаи номаълум дар ноҳияи Шуғнон як пиёдагарди 27 соларо пахш намуда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.
Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ин ҳодиса 3-юми декабр ба вуқӯъ пайвастааст: «Нақлиёти тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон ба тарафи шаҳри Хоруғ дар километри 624-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар мавзеи «Боёнак»-и деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Далер Шосафоеви 27 сола, сокини ноҳияи Шуғнонро зер намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад».
Дар натиҷа пиёдагард Далер Шосафоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат мерасад.
«Ҳоло барои муайян кардани автомашина ва дастгир кардани ронанда чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр