Сафороти Британияи Кабир ва ИМА дар Тоҷикистон, ҳамчунин Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ аз боздошти хабарнигор Ӯрунбой Усмонов изҳори нигаронӣ карда, унвонии ҳукумат ва вазорати корҳои хориҷаи кишвар номаи расмӣ ва муроҷиатнома дар мавриди озод кардани хабарнигори номбурда ирсол доштанд.
Ёдрас менамоем, бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД, рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони милиса хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд Усмонов Ӯрунбойи 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |