«Натиҷаҳои конфронси СММ оид ба рушди устувор (РИО+20) ва нигоҳи миллӣ ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013».
Таҳти чунин унвон, имрӯз, 4-уми декабри соли 2012 дар пойтахти кишвар ҳамойиши вижа баргузор мешавад.Ин нишасти миллӣ бо ташаббус ва ибтикори ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва дастгирии Барномаи Рушди СММ сурат пазируфта, ҳадафи он татбиқи ташаббуси президент оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва инчунин баррасии натиҷаҳои Конфросни СММ оид ба рушди устувор (РИО+20) аст.
Тавре Баҳром Самадов, сухангӯи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби кишвар ба Озодагон иттилоъ дод, дар ҳамойиши мазкур ширкат ва суханронии масъулини ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони мустақил дар назар аст.
Мӯҳр