Имрӯз дар пойтахт таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор шуд.
Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи ҳукумати шаҳр ба Озодагон иттилоъ дод, дар нишаст, ки бо иштироки муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо сурат гирифт, шаҳрдор масъалаҳои рӯзмараро ба риштаи таҳлил кашида, ҷиҳати ташкили дурусту ҳадафраси низоми хоҷагидорӣ, ки фарогири доираи масъулияту салоҳияти иштирокдорон аст, дастурҳои мушаххас дод: «Қабл аз ҳама, бо дарназардошти оғоз гардидани мавсими зимистонгузаронӣ ва мусоид омадани боду ҳаво, зикр сохт, ки раисони ноҳияҳо бори дигар ҳолати техникию омодабошии техникаҳои коммуналиро бобати дар рӯзҳои барфӣ саривақт тоза кардани кӯчаву хиёбонҳо ва пиёдароҳҳо аз назар гузаронида, дар иртибот ба ҳамарӯза баровардани партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии маркази татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» тадбирҳои таъхирнопазир андешанд».
Ҳамзамон, дар ҷаласа оид ба ҳолати истифодабарӣ ва ҷараёни таъмири ҷории роҳҳову пиёдаргардҳо аз ҷониби раисони ноҳияи шаҳр масъалагузорӣ шуд. Убайдуллоев ба иштирокдорон иброз дошт, ки бо истифода аз таҷрибаи шаҳри Алма-атои Қазоқистон ва дигар шаҳрҳои кишварҳои пешрафта, нисбати роҳандозии пулакии истифодаи муваққатии таваққуфгоҳҳои сарироҳӣ (паркинг) мувофиқ ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бо таҳияи Низомномаи амалкарди мазкур қарори дахлдори раиси шаҳри Душанберо пешниҳод намоянд.
Мӯҳр