Дар ин бора имрӯз фармони Виктор Янукович, раисҷумҳури он кишвар ба тасвиб расид.
Чанде қабл, Николай Азаров, нахуствазири Украина аризаи истеъфояшро ба президент пешниҳод карда, сабаби онро ба ҳайси вакили парлумон интихоб шуданаш марбут донист.Тибқи Қонуни асосии Украина, баъд аз пазируфта шудани истеъфои нахуствазир ҳама аъзои ҳукумат аз мансабҳояшон канор мераванд. Виктор Янукович дар фармони худ аз аъзои ҳукумат хостааст, ки то ташкили ҳукумати нав иҷрои вазифаҳои худро идома диҳанд.
Тасмим дар бораи ташкили ҳукумати нав баъд аз ташкили раёсати «Верховная рада» (Радаи олӣ-парлумони Украина) ва интихоби раиси парлумон гирифта хоҳад шуд.
Мӯҳр