Шоми рӯзи гузашта, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум дар ноҳияи Турсунзода ду бародари ноболиғро пахш намуда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.
Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ин ҳодиса (рӯзи 2-уми декабри соли равон) соати 17:00-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст: «Нақлиёти тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар роҳи байни деҳаи Оқмачит ва рустои Эфироноси ноҳияи Турсунзода ноболиғон Алибек Мирзосафарови 14-сола ва Ҷасурбек Мирзосафарови 8-сола, сокинони ҷамоати деҳоти Пахтаободро, ки бо дучарха бо қисми рости роҳ ба самти деҳаи Эфиронос ҳаракат мекарданд, зер намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад».
Дар натиҷа, ноболиғон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.Барои муайян ва дастгир кардани ронандаву воситаи нақлиёт корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Мӯҳр