Охири ҳафтаи сипаришуда Кэтлин МакДоналд, сарвари Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) се нақлиёти вижаи партовғундориро ба ҷамоатҳои Исфисор, Зарзамин ва шаҳраки Ғафурови вилояти Суғд тақдим намуд.
Дар ин бора ба Озодагон аз Сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд. Тибқи хабари манбаъ, лоиҳаи мазкурро USAID тавассути барномаи "Ташаббуси рушди маҳал" маблағгузорӣ кардааст. Гуфта мешавад, бону МакДоналд каилиди нақлиётҳоро ба Содиқ Мирхолиқов, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ғафур Ҳокимов, ёрдамчии раиси вилояти Суғд супорид. Лоиҳаи USAID “Ташаббуси рушди маҳал” ба мақомоти маҳаллӣ дар тарҳрезӣ намудани нақшаҳо оид ба идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва ташкили корхонаҳои коммуналӣ дар ҷамоатҳои деҳот кӯмак мерасонад.
Маврид ба ёдоварист, шурӯъ аз сентябри соли 2009 лоиҳаи USAID “Ташаббуси рушди маҳал” иқтидори мақомоти маҳаллиро дар фароҳам овардани хизматрасониҳои сифатноки коммуналӣ ҳангоми ғунучин, интиқол ва нобуд сохтани партовҳои сахти маишӣ дар панҷ навоҳии дигари Тоҷикистон афзуд.
Аз соли 1992 то инҷониб халқи Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоиро барои барномаҳо ва кӯмаки башардӯстона ҷиҳати дастгирии сохторҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст.
Мӯҳр