Феълан дар Тоҷикистон 351-муассисаи тибби хусусӣ фаъолият мекунанд.
Аз ин миқдор муассисаҳо 131- тояш ба шаҳри Душанбе, 57- то ба навоҳии тобеи чумҳурӣ, 6- то ба ВМКБ, 96-то ба вилояти Суғд ва 22-то ба вилояти Хатлон рост меояд. Тибқи иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, шабакаи муассисаҳои хусусии тиббӣ аз ҳуҷраҳои табобатию ташхисӣ, утоқҳои дандонпизишкӣ, ороишӣ (косметологӣ), ҳуҷраҳои тибби халқӣ, марказҳо, осоишгоҳҳо ва беморхонаҳо иборатанд. Дар робита ба ин, масъулини вазорати тандурустӣ гуфтанд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳ ва сифати хизматрасонӣ дар бархе аз муассисаҳои хусусии тиббӣ феълан ҷавобгӯи талаботҳои замон нест ва дар ин замина бояд тарҳҳои зиёд пиёда шаванд.
Мӯҳр