Имрӯз, 30-юми ноябр дар шаҳри Маскави Русия анҷумани ХI-уми умумироссиягии «Профессия и здоровье» баргузр гардид.
Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ин нишаст масъалаҳо марбут ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар сатҳи байниидоравӣ ва байниминтақавӣ оид ба такмили механизми назорат ва мониторинги вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҳамоиши мазкур таъкид гардидааст, ки сарфи назар аз заминаи фаррохи меъёрию ҳуқуқӣ дар Русия як қатор мушкилот марбут ба дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасонии тиббӣ, ки ҳалли онҳо дар сатҳи байнимақомотӣ зарур аст, мавҷуд мебошад.
Манбаъ мегӯяд, иштирокдорони мизи мудаввар масъалаҳои коркарду дарёфти усулҳои афзалиятноки таьсиси системаи назорат ва мониторинги вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва базаи ягонаи маълумот оид ба вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро матраҳ карданд.
Аз ҷониби ширкаткунандагони чорабинӣ тарҳи пилотии таъсиси механизмҳои шаҳодатномадиҳии тиббӣ оид ба вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ маъқул дониста шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, лоиҳаи пилотӣ назорати тиббӣ ва додани шаҳодатнома оид ба вазъи саломатии муҳоҷиронро дар ҳудуди кишварҳои худ қабл аз муҳоҷират пешбинӣ мекунад, ки дар ин ҳолат маблағ ва вақти муҳоҷирон сарфа шуда, раванди бо кортаъминшавии онҳо саҳл мегардад: «Ҳамчунин тибқи лоиҳа шаҳодатномаҳои тиббӣ дар ҳудуди давлатӣ қабулкунанда бояд эътироф шавад».
Дар нишсти мазкур олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии тибби меҳнати Академияи илмҳои тиббии Россия, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, Раёсати Хадамоти федералии Русия, Вазорати тандурустии Қирғизистон, намояндагии ташкилоти байналмиллалии муҳоҷират дар Маскав, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва коршиносони байналхалқӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-иқтисодӣ ширкат намудаанд.
Мӯҳр