Имрӯз, 30-юми ноябр зимни баргузории ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон роҳбари ин шӯро иваз шуд.
Тавре Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои ВАО ба Озодагон иттилоъ дод, журналист Қироншоҳ Шарифзода бо гирифтани раъйи бештар ба вазифаи раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд.
Бояд зикр намуд, қаблан раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов буд, ки мӯҳлати роҳбарии ӯ дар ин шӯро ба охир расид.
Манбаъ илова намуд, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин 3 нафар аъзоёни шӯрои мазкур иваз шуд.
Мӯҳр