Нафаре, ки мехост маводи мухаддирро аз Тоҷикистон ба шаҳри Маскави Русия интиқол диҳад, боздошт шуд.
Аз Хадамоти гумрук ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни амалиёти кормандони фурудгоҳи раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон, дар аснои ба расмиятдарории мусофирони қатораи рақами 2970, самти ҳаракати Кӯлоб – Маскав, Шоди Холиқовро ҳамчун гумонбар барои интиқоли маводи мухадир боздошт намуданд.
Кормандони гумрук ҳангоми мойнаи шахсии Шоди Холиқов аз дохили бағоҷи дастӣ як бастаи салафани хокаи сафед ба маводи ҳероин монандро дарёфт ва мусодира намуданд.
Гуфта мешавад, мутобиқи хулосаи ташхиси озмоишгоҳи маводи нашъаовар маълум карда шуд, ки наъви мухадирот ҳероин буда вазни хоси он 395,6 грамро ташкил дод.
Феълан оиди ин амал нисбати Шоди Холиқов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тавтишот идома дорад.
Мӯҳр