Бахшҳо
30 ноя 2012 05:50Адабиёт

Моҷарои ҳайкали қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ

(бо фурӯшу ғорати идораҳои колхоз ҳайкали Раис дарди сар ва нодаркор шуда монд)

"Волга"-ҳо ба назди шаҳчинор расиданду аз онҳо шахсони бовиқору ҷиддиҳайат, ки ҳамагӣ дар тан куртаҳои сафеди оҳаргун ва дар гардан галстук доштанд, берун шуданд. Раис ба нафароне, ки аз "Волга"-и сафедфоми якум пиёда шуданд, бингарист ва дар байни афроди ношиносу бегона Раиси ноҳия (он вақт котиби райком)-ро бишнохт, ки қадбаланл, шикамбаромада ва фаҳулу тезнигоҳе буд. Бинии теғадори дарозаш ба чашм аз дур бармехӯрд. Аз "Волга"-ҳои дигар ҳадаҳаву шитобзада тоифаи ҳамчунон галстук ба гардан ва шими сиёҳ ба тан фаромаданд. Фаромаданду оҷилан сӯи кат, ба сояи шаҳчинор гом биниҳоданд. Ба як ҷумла, ҷамоат ҷамъ омад. Раис шитобон аз пеши "Виллис"-и худ ҷониби котиби райком тохта, бо ӯ дудаста вохӯрдӣ намуд, пасон бо нафарони расмӣ салом карда, ҳолу аҳвол пурсид. Ва шаҳду асал дар лаб ҳамагиро ба нишастан, рӯи кат ҳидоят кард.

- Гӯш кун, Дамдоров,-хитоб кард ба Раис котиби райком. Ин ду тан (вай ба рафиқони воқеан ҳам ҷиддиву оромнигоҳ ишора бинмуд) аз Секаанд. Анна бародар (ба шахси нисбатан ҷавонтар нигоҳ карда) мудири ш?ъбаи идеологии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Шӯравӣ, аз Москва омаданд, ин аком (ба марди тоссари батамкин бо даст ишора кард котиб), котиби сеюми Секаи республикаи худамон, анна он нафарон (?ониби ашхоси аз мошинҳои боқимонда фуромада нишон дода) шахси аввали ноҳия, намояндаву кормандони дастгоҳи комитети партиявии ноҳия ва журналистони радиову телевизион ва рӯзномаҳои "Тоҷикистони Советӣ", "Коммунист
Таджикистана", "Совет Тожикистани" мебошанд. Фаҳмидӣ, Раис?!

- Фаҳмидам, фаҳмидам,- сар ҷунбонд шӯру ғалаён дар дил Дамдоров ва рамузгирона:

- Ягон чорабиниву нақшае доред, Раис? Хайр, мо ба хизмат тайёр. Лозим бошад, ба сар медавему…

- Ба сар давиданатон шарт не,- сухани Дамдоровро бурид котиби райком. Ин рафиқон барои он ба хоҷагии шумо қадам ранҷа фармудаанд, ки аз меҳнату ранҷи пахтакорон ва таҷрибаву ташаббуси ватанд?стонаатон аз наздик шинос ва огоҳ гарданд. Аз изҳороти радио хабар доред, албатта. Гап ҳамин. Ин намоянда?о ҳар чизеро, ки дар боби аз ҳар як гектар рӯёнидани ҳосили 70 сентнерӣ аз Шумо суол карданд, бе ҳеҷ фикру андешаи зиёдатӣ, ҷасуронаву дилпурона "метавонем" гӯед, "Ин гуна ҳосилро бе ягон шакку шубҳа ба даст меорем", гӯед, "қавл додем, иҷро хоҳем кард", гӯед. Ба як сухан ба пурсишҳояшон ҷавобҳои тасдиқкунанда медиҳед. Ягон хел гапи зиёдативу нодаркор ба забон намеоред. Боз маҳмадоноӣ карда, корро расво накунед… Фаҳмидед, акаи Дамдоров?!

- Ман ҳамаашро фаҳмидам, фаҳмидаму…

- Боз чӣ чиз нофаҳмо монд?

- Медонед, Раис, рости гап ман дар ҳеҷ ҷо, ягон бор дар рӯзҳои наздик чунин изҳорот ҳам накарда, ташаббус ҳам нишон надодаам. Мурод аз ташкили ин шӯру ҳангома чӣ бошад?

Котибт райком аз дасти Дамдоров гирифта, бо ғазаб ба дуртар, назди қитъаи пахтазор бурд. Баъд…

- Шумо, акаи Дамдоров одами баҳурмату боиззатед, як колхозчӣ кӣ, тамоми ноҳия мешиносадатон. Ин "политика"-и давлат аст, прапагандаи Партия ба ҳисоб меравад. Аз номи Шумо ҳамин ташаббус ба роҳ мондаву дар тамоми гӯшаву канорҳои республика паҳн карда мешавад. Баъд анна… номдору машҳур мегардед шумо. Ба Шумо унвони "Қаҳрамони меҳнати сотсиолистӣ" дода хоҳад шуд. Мефаҳмед инро? Раис ба тахтапушти Дамдоров бо мазмуни "офарин" тап-тап зад.

- Бо ҳамин тамом?-назари суол дӯхт ба котиб Раис Дамдоров. Котиб хандид.

- Боз ба шумо мукофотҳои зиёде аз қабили "Волга"-и наппа нав, як саройбӯстон дар ноҳия ва замини фарох барои сохтмони манзили зист тӯҳфа карда мешавад. Ғами фарзандҳоро ҳам хӯрдан лозим. Ҳамин тавр не? Акнун биравем. Меҳмонҳо боз ҳар хел фикр накунанд…
Мудири шуъбаи идеологии ҲКИШ (Кремл, Москва) уруси миёнақади айнакӣ, ки нигоҳаш бетафовут ва худаш бетоқат метофт, аз гармои шадид ва ҳавои вазнин нафасаш тангӣ мекард, ки ба котиби райком бо забони русӣ суханҳое раду бадал кард ва ба майдони пахтазор бо дасташ ишора бинмуда, "да, да, хорошо, хорошо" гуфту сар ҷунбанд. Як корманди телевизиони марказӣ аз Маскав бо мушоияти ҳамкасбаш аз телевизиони Тоҷикистон ба гунаи зуду фаврӣ аз Раис Дамдоров хоҳишу илтимос карданд, ки ба байни ҷӯякҳои пахта дарояд. Фаҳмонданд, ки ба дасташ чанд қабза пахта гирифта, бо чеҳраи кушод ва табассум дар лаб перомуни қавлу амали додаи пахтакорони хоҷагӣ, ӯҳдадориҳои ба зима гирифтаашон ва муҳимтар аз ҳама ташаббуси навоваронаи аз ҳар гектар 70 сентнерӣ ҳосил рӯёндани аъзоёни колхози ба номи Калинин бо шавқу ҳарорати бепоён ҳарф бизанад.

- Ба тоҷикӣ гап занам?- пахтаҳои барфосо сафед дар қабзаи дастонаш ҳайрон-ҳайрон пурсид Раис.

- Гап задан гиред, ба ҳузур ба забони модарии худамон сухан гӯед,-фаҳмонд ҳадаҳа корманди телевизиони республика арақи шашқатори пешонаву рухсораҳояшро пок карда.

- Тоҷикии моро урусҳо мефаҳманд?- дафъатан суол дод Раис. Ман урусия нағз намедонам, агар хоҳед, урусӣ гап мезанам.
Корманди телевизион хандид.

- Не, лозим не,-гуфт вай. Бурову ботантана ва бо эҳсоси баланд ҳарф бизанед. Ин тарафаш кори мо…
Ва Раис дар зери офтоби сӯзон боз ҳам дар хусуси ташаббуси ватандустонааш ва ғайрату талоши пахтакорон гуфту гуфт. Як ғояте ҳалқаш қоқ шуда, ташна монд. Гулӯ равшан кард. Баъд ба сабти намоиш хотима бахшиданд. Касе аз думравони Раис шитобон як коса оби сард оварда ба Раис дароз кард. Ду коса об нӯшид Раис ва ба сӯи кат қадам монд. Ду журналисти дигар, яке аз радиои умумииттифоқ ва дигаре радиои ҷумҳурӣ дар кат нишаста, диктофонро пеши Раис гузошта, аз ӯ илтимос карданд, ки тамоми суханҳои андаруни пахтазор гуфтаашро як маротибаи дигар такрор кунад. Раис ҳамчунон кард.
Ҳамин дам…
Як "Волга"-и қаҳваранги дигаре аз дур намоён гардид, ки чангу ғубори роҳро ба ҳаво бардошта, ҷониби нишастагони рӯи кат ҳаракат карда меомад. Ҳама ба сӯи роҳу "Волга" нигаристанд.

- Кӣ бошад?-баромад аз даҳони Раис Дамдоров. Боз чӣ гапест ин ҷо?

- Бепарво бош,-садо баланд кард котиби райком. Аҳамият надеҳ, ҳозир, ки расида омад, баъд мефаҳмӣ, кист вай?
"Волга" омада расид ва аз он чун дар филмҳо аввал аз дари пеш як ҷавони озодалибоси мӯи сар қатронӣ фаромад. Фаромаду дарсоат дари тарафи чапи қафоро кушод ва як пирамарди зиёинамоӣ қоматхамидаи чеҳрааш ожангпахшкардаву зери чашмонаш халтазадаи мӯи сараш сафедфом ба зӯр по ба замин гузошту бо мададу ёрии ҷавони озодалибос фаромада, қад ёзонд. Ҷавон аз зери шонаҳои пирамард дошта, ҳар ду ба сӯи кат гом ниҳоданд.
Бовари Раис Дамдоров наомад, балки батамом дар тасаввураш нағунҷид, балки ин манзараро рӯъёе беш наҳисобид, ки ҳамин шахси солхӯрдаву пиракӣ нависандаи дар ин замон овозадору маъруф соҳибҷоиза ва Адиби мардумии Тоҷикистон Камол Акрамист. Вай чӣ зарурат дорад, ки дар ҳамин синну сол хеста ба сари заминҳои колхозӣ омадааст? Чӣ магар хар гум кардааст? О, дар ин айёми пирӣ як ҷо сарата монда хоб равӣ намешавад? Ё ки…
Нависандаи халқиро басо ботавохуру ҳурмату эъзози баланд пешвоз ва истиқбол гирифтанд. Аз боло гузарондандаш: ва ба таҳи кашаш ду-се болишт монданд.

- Фаҳмида гир, акои Раҳматалӣ,-гуфт маънидор котиби райком ба Раис. Ин нависандаи Халқӣ ҳам, ки китоби машҳури "Чил арӯси амир"-ро навиштааст, дар хидмати ту қарор хоҳад дошт. Раис Дамдоров тааҷҷубзада китф дарҳам кашид.

- Нафаҳмидам…

- Чиро нафаҳмидӣ? Ҳамин Камол Акрамӣ кору бор ва зиндагиатонро омӯхта дар бораи бузургию фидокории шумо як китоби ғафс менависад. Ин фармон фармони болост.

- Кадом боло?

- Масква ба Секаи Худамон супориш додаст, ки дар бораи ягон Раиси колхози пахтакорӣ китоб менависад нависандатон, фаҳмидӣ?

- Ҳа-а,-мад кашид Раис Дамдоров. Ин тавр бошад, нағз, нағз…

- Акнун,- маслиҳат дод котиби райком, бираву бо нависанда ду даҳан аз корнамоиву муваффақиятҳоятон чақ-чақ кун. Худатро нишон деҳ!
Раис аз паҳлӯи нависандаи Халқии Тоҷикистон ҷой гирифт. Ва… сӯҳбат оғоз гардид.
Ҳоло дастурхон накшода буданд. Котиби райком як чунин дастур надода буд.
Баъд… ҳамин котиби райком аз мудири шӯъбаи идеологии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ хоҳиш кард, ки ҳамроҳи Раис Дамдоров сурат гиронанд. Суратгирони рӯзномаҳои "Тоҷикистони Советӣ", "Коммунист Таджикистана" ва "Совет Тожикистони", маҷаллаҳои "Агитатори Тоҷикистон" ва "Коммунист" шарақ-шуруқкунон якчанд акси уруси меҳмонро бо Раис Дамдоров гирифтанд ва ҷониби занону духтароне, ки миёнро камон карда, дар замини калон бо азобу машаққатҳо пахта мечиданд, раҳ гирифтанд…
Ба назар чунин мерасид, ки ин ҳангомаву тантанаро имрӯз поён набошад. Ва Раис Дамдоров ба котиби райком гӯшакӣ карда, фаҳмондан хост, ки дастурхон кушоянду оши палаву кабудию хӯришҳои тоза ба тозаро ҳозир кунанд. Боз… якчанд шиша аз "оби рӯҳбахш" ҳам…

- Не, ҳеҷ чиз лозим не,-бо овози амирона ғурунгид котиби райком. Ман ин меҳмонони олимартабаро дар шаҳр, дар ҷои махсус зиёфат медиҳам.
Акнун маро гӯш кун, Раис,- маслиҳат доданӣ шуд котиб. Мо меравем. Шумо дониста монед: аз ин ба баъд дар ҳама ҷо, дар сархати аввал номи Шумо сабт карда мешавад. Дар барномаҳои радиову телевизион аз хусуси кору талошу пайкоратон сухан меравад. Ба ҳамаи ин одат кунед, боз саргарми муваффақиятҳо шуда, аз худ наравед. Агар планро сари вақт иҷро кунед, фармон аст, ки ба Шумо унвони "Қаҳрамони меҳнати Сотсиолистӣ" дода хоҳад шуд.

- Китоб ҳам менависанд?-аллакай шабеҳи шодихӯрдаҳо пурсон шуд Раис.

- Ҳа, ҳа, албатта. Як романи зӯр…

- Лекин медонед…

- Боз чӣ гап, акаи Раис?

- Ман охир, агар шабу рӯз ҳамин колхозчиёнро бераҳмона азоб дода, кор фармоям ҳам, аз ҳар гектар 70 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда наметавонам. Котиби райком ба маънии "Э, содае, э ҳафтафаҳме" сару даст ҷунбонд.

- Инаш дар дасти мо, ака,-гуфт ба Раис. Хоҳем, 70 сентнер ҳам мешавад… фаҳмо!

(Давом дорад)
Шодии СУҲАЙЛ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)