Ҳафтаи равон доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна бо қимати 4,8400 - 4,8700 сомонӣ хариду фурӯш мешуд.
Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, айни замон ҷараёни каме пастшавии қурби доллар мушоҳида мешавад: «Рӯзҳои охири ҳафтаи ҷорӣ қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро низ каме паст шуда, мувофиқан 0,1538-0,1548 ва 6,1890-6,2100 сомониро ташкил доданд».
Гуфта мешавад, рӯзи 29-уми ноябр қурби миёнаи доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе ба 4,8400-4,8700 сомонӣ, Хуҷанд ба 4,8420-4,8720 сомонӣ ва Қурғонтеппа ба 4,8500-4,8700 сомонӣ баробар шуданд.
Мӯҳр