Имрӯз мулоқоти Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати кишвар бо Асит Кумар Бхатачарҷи, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон мулоқот кард.
Ба иттиллои вазорати энергетика ва саноат, зимни ин нишаст масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика ва саноат, хусусан саноати сабук баррасӣ гардид. Дар ин мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар хусуси ба роҳ мондани истеҳсол ва коркарди меваю сабзавот, маҳсулотҳои ширӣ, пӯсту пашм ва истеҳсоли пойафзол дар Тоҷикистон, мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид. Ҳамчунин зарурати тезонидани корҳо ҷиҳати таҷдиди НБО «Варзоб-1» ва таҳти назорат қарор доштани масъалаи мазкур аз ҷониби Асит Кумар Бхатачарҷи таъкид гардид. Лозим ба ёдоварист гардиши мол миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар соли 2010-ум 35 миллион ва дар 4 моҳи соли ҷорӣ бошад 11,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
{jathumbnail off}
Мӯҳр