Кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Фирдавсии пойтахт Мусулмон Шоймардоновро барои интиқоли маводи мухаддир боздошт карданд.
Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар пайи амалиёти кофтуковӣ аз Мусулмон Шоймардонови 30 сола, сокини кӯчаи С.Шерозии пойтахт, сармуҳосиби «Бойнодир» 2-адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 1 килою 900 грамм маводи нашъадори навъи «ҳероин» буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 200, қисми 4-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр