Фардо,30-юми ноябр, соати 10:00 дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт ҷаласаи солонаи ҳисоботии Шӯрои Васитаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон баргузор мегардад.
Аз дастгоҳи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа фаъолияти яксолаи шӯро натиҷагирӣ карда мешавад.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин шикоятҳои якчанд ташкилот ва шаҳрвандони алоҳида, ки аз тарафаи идораи ҳафтаномаҳо ва рӯзноманигорон дар инъкоси мавзӯҳои мухталиф меъёрҳои ахлоқии касби рӯзноманигорӣ вайрон шудааст, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Гуфта мешавад, дар кори ҷаласа ба ғайр аз ташкилоту созмонҳои дохилии марбут ба ВАО, ҳамчунин намояндагони ташкилоту созмонҳои хориҷӣ ва корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Мӯҳр