Ҳунармандони масеҳӣ ва мусулмони араб қасд доранд бо иҷрои операи "Бароат, ё Расулаллоҳ"(с) ба беҳурматӣ ба Паёмбари аъзам(с) посух диҳанд.
Ба навиштаи "Форс", ҳарчанд моҳҳои ахир аз тавҳини филмсози амрикоӣ ба Паёмбари гиромии Ислом(с) гузашта ва бархе фикр мекунанд, дигар посух ба андозаи кофӣ будааст, аммо ин ҳунармандон гуфтаанд ин нмоишномаро ба саҳна мегузоранд.
Гуфта мешавад, ки дар ин опера 50 ҳунарманд ва афроди расонаӣ ҳузур доранд, то нишон диҳанд, ки ҳама бо қалби воҳид ва дар канори ҳам бо ишқу сулҳ ва бидуни хушунат ва террор зиндагӣ мекунанд. Муаллифи намоишнома Низол Алхазоала, нависандаи мисрӣ мебошад.
Мӯҳр