Табибони ин дармонгоҳ дар ояндаи наздик амалиёти ҷарроҳии панҷ кӯдаки афғонро, ки норасоии қалбӣ доранд, анҷом медиҳанд.
Бино ба қавли Асадулло Зарипов, як масъули ин касалхона, пизишкон ба дархости намояндаи созмони Ҳилоли Аҳмари Афғонистон дар мавриди амали ҷарроҳии кӯдакони афғон посухи мусбӣ додаанд: «Ба мо пешниҳод шуд, ки панҷ кӯдаки афғонро, ки ба бемории қалбии модарзодӣ гирифтор ҳастанд, ҷарроҳӣ кунем. Мо ин пешниҳодро пазируфтем ва қарор аст, ки дар ояндаи наздик ин кӯдакон ба шаҳри Душанбе интиқол ёбанд».
Ба гуфтаи ҷаноби Зарипов баъд аз анҷоми муваффақи амали ҷарроҳии ин кӯдакон шеваи ироаи хадамоти пизишкӣ ба шаҳрвандони Афғонистон дар оянда машаххас хоҳад шуд. Амалиёти қалб дар кӯдакони афғонро пизишконе анҷом медиҳанд, ки аз Эрон даъват шудаанд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқоти сеҷонибаи намояндагони созмонҳои Ҳилоли Аҳмари Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл доир шуд, тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки дар бемористони Ибни Сино як маркази мудовои амрози қалби кӯдакон таъсис шавад.
Мӯҳр