Бино ба иттилои Агентии омор, Тоҷикистон тайи даҳ моҳи сипаришуда аз 41 кишвари хориҷи дуру наздик ба маблағи 54113,2 ҳазор доллари ИМА ёрии башардӯстона дарёфт кардааст.
Ҳаҷми умумии ин кӯмакҳо 17589,8 тоннаро ташкил дода, аз ҷумла 12092,7 тоннаи он орд (ба маблағи 6115,6 ҳазор доллар) ва 514,9 тоннаи дигарро равғани растанӣ (799,4 ҳазор доллар) ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, маблағи 19620,1 ҳазор доллар доруворӣ ва 2047,8 ҳазор доллар либосу пойафзол ва кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асобобҳои маишии электронӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Манбаъ мегӯяд, беш аз 37 дарсади ҳаҷми умумии кӯмакҳо ба ИМА рост меояд: «Нидерланд (6,8%), Чин (10,9%), Миср (3,9%), Латвия (3,4%), Олмон (3,0%), Эрон (2,9% ), Ҷумҳурии Корея (2,9%), Фаронса (2,3%), Дания (1,8%) дар феҳрасти кишварҳои кӯмаккунанда ҳастанд. Аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил Русия (13,0%), Қазоқистон (3,5%) ва Қирғизистон (1,2%) низ ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона фиристодаанд».
Мӯҳр