Ҳодисаҳои худкушӣ ва суйиқасд ба ҷонро дар давраи даҳ моҳи соли 2012 мавриди муҳокима қарор доданд.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, дар толори Кохи ба номи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят доир гардида, ин масоил мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки масъалаи мазкур дар ҳақиқат ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст: «Худкушӣ ва сӯиқасд ба он, бо вуҷуди андешидани чораву тадбирҳои зиёд, рӯ ба афзоиш дорад ва рух додани ин ҳодисаи номатлуб ягон нафар узви ҷомеаи солимро бетараф намегузорад».
Бино ба иттилоъи расмӣ тайи 10 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 261 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад ё 14,9 дарсад зиёд аст. Чунин ҳодисаи нанговар, бахусус дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Спитамен, Қайроққум, Ашт, Айнӣ, Зафаробод, Конибодом, Исфара, Шаҳристон, Чкалов афзудааст. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар бораи вазифаҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, сохтору шӯъбаҳо ва раёсатҳои он сухан карда гуфт, ин сохторҳо бояд бо қишрҳои мухталифи ҷомеъа ҳамкорӣ намоянд ва аз вазъи иҷтимоии сокинон доимо бохабар бошанд.
Ҳамзамон, ҷаноби Расулзода аз кулли иштирокдорони ҷаласа даъват кард, ки дар мубориза баҳри пешгирии ҳодисаи худкушӣ ва суйиқасд ба он дар қаламрави вилоят саҳм бигиранд.
Мӯҳр