Бахшҳо

Иштироки тоҷикон дар «Ҳафтаи ИДМ»

«Ҳафтаи ИДМ», таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии шаҳри Маскави Русия ҳамоише оғоз гардид.

Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин чорабинӣ кормандони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷи муқими Маскав, аз ҷумла сафоратҳои Беларус, Молдова, Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Русия, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат карданд.

Торкунов. А, ректори донишгоҳи мазкур аз аҳамияти чунин маҳфилу ҳамойишҳо, рисолати дипломату дипломатия дар роҳандозӣ ва тавсеаи муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо сухан ронда, дар бораи гузашта ва сатҳи кунунии равобит миёни кишварҳои узви ИДМ, раванди ноҳамвори пешрафту ҳамкорӣ ёдовар шуд.

Номбурда изҳори умед кард, ки дипломатҳо, аз ҷумла донишҷӯёни ин даргоҳи илмӣ дар бартарафсозии мушкилиоҳо, рафъи ихтилофи назарҳо ва эҷоди замина ба робитаҳои беш аз пеш  наздику самарабахш миёни давлатҳои узви ИДМ бештар саҳмгузор хоҳанд буд.

Манбаъ мегӯяд, «Ҳафтаи ИДМ» то 30-уми ноябр идома ёфта, 12 дастаи донишҷӯён (ҳар кадом иборат аз чор нафар) перомуни масъалаи ҳалталаб дар доираи ИДМ, монанди раванди ҳамгироӣ, сиёсати муҳоҷират ва иқтисоду тиҷорат, инчунин имкони роҳандозии воҳиди ягонаи пулӣ табодули назар хоҳанд кард.

Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии шаҳри Маскав ҳанӯз аз даврони шӯравӣ яке аз маъруфтарин мактабҳои олӣ шинохта шуда, даҳҳо сиёсатмадорону дипломатҳои варзида, аз ҷумла чанд тоҷикистонӣ парвардаи он даргоҳи илмӣ мебошанд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 30 донишҷӯи  тоҷик дар ин донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)