Имрӯз, 28-уми ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамоиши муштараки ҳайатҳои давлатии Олмону Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар ин ҳамоиши дурӯза ҳайъатҳои олмониву тоҷик масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои солӣ ва фанниро баррасӣ мекунанд. Тавре аз вазорати мазкур ба Озодагон хабар доданд, ҳайати Олмонро дар ин ҳамоиш Ондреас Гис, масъули бахши ҳамкорӣ бо Осиё ва Ховари Миёнаи Вазорати ҳамкориҳои иқтисодии Олмон ба зимма дорад.
Саидраҳмон Назриев, муовини вазири иқтисоди кишвар бошад, раҳбарии ҳайати Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳамкорӣ бо Олмон ба иҷрои стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015 ва коҳиши мизони фақр барои солҳои 2010-2012 мусоидат хоҳад кард. Тайи як соли гузашта табодули амвол миёни Тоҷикистону Олмон ба 170,9 милллион евро баробар шудааст.
Мӯҳр