То ҳол бозори Тоҷикистон аз ҷониби ширкати Coca-Cola мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифта буд ва айни замон бевосита вақти он расидааст, ки ин ширкат ба бозори Тоҷикистон ворид шавад.
Ин нуктаро Ҳусейн Акин, президенти ширкати Coca-Cola оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ зимни мулоқоташ бо Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, иброз дошт.
Аз кумитаи мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Ҳусейн Акин илова намудааст, ки дар асл хеле навовариҳои зиёди мусбӣ дар ҷараёни рушди мамлакат ба назар мерасад ва алҳол фазои сармоягузории Тоҷикистон мусоид гашта, новобаста аз ин ислоҳотҳои навин босуръат татбтиқ мегарданд: «Ширакти Coca-Cola омодааст татбиқи лоиҳаи сармоягузориро оид ба истеҳсоли маҳсулоти худ дар Торҷикистон оғоз намуда, дар марҳилаҳои аввал ба андозаи 30 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ ворид гардонад, ки дар муддати 10 соли минбаъда ин нишондиҳанда 2 маротиба зиёд хоҳад шуд».
Давлаталӣ Саидов дар ин нишаст қайд кардааст, ки Тоҷикистон ҷиҳати ворид шудани ширкати Coca-Cola ба иқтисодиёти мамлакат ва сармоягузории он ҳавасманд мебошад.
Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки Тоҷикистон фазои мусоидро барои сармоягузорон фароҳам оварда, дар ин ҷода боз талошҳои зиёдеро анҷом дода истодааст, зеро рушан аст воридоти сармояи мустақим дар замони муосир дар рушду нумўи ҳар як давлати дунё нақши хосса ва бузургеро иҷро менамояд, ки Тоҷикистон низ барои ҳама сармоягузорони дунё дарвозаҳои кушода эълон намуда, конунгузории мамлакат таъмини ҳуқуқу манфиятҳои сармоягузоронро кафолат медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни ҳамоиш тарафҳо ба созиш омаданд, ки оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди тарафайн байни кумита ва ширкати Coca-Cola ёддошти таффоҳум ба имзо расонида, дар якҷоягӣ имконияту шартҳои сармоягузории ширкатро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои гузошташуда гурўҳи кории муштарак аз ҳисоби намояндагони ширкати Coca-Cola дар Тоҷикистон ва намояндагони масъули кумита таъсис дода шуд, ки гурӯҳи мазкур кори худро шурӯъ намудаанд.
Мӯҳр